250 нафар: Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистонро раҳо кард

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳудуди 250 шаҳрванди Афғонистонро иҷозаи хуруҷ аз марзҳояшро дод. Аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ будаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мӯҷибуллоҳ Маликзода, атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод рӯзҳои шанбеву якшанбе аз гузаргоҳи марзии "Панҷи поён"-и Тоҷикистон ба "Шерхон Бандар" – и Афғонистон гузаштанд.

Вай афзуд, аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистонанд.

"Вақте вазорати маорифи Тоҷикистон донишҷӯёнро қабл аз муҳлат рухсат кард, бачаҳои мо ба далели банд будани марзҳо натавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд ва мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ шуданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 400 донишҷӯ, унвонҷӯёни магистириву доктори ин кишвар дар макотиби олӣ, магистратураву докторантураҳои Тоҷикистон машғули таҳсилу пажӯҳиш мебошанд. Аз ин теъдод таҳсили 70 нафар бо бурсияи давлати Тоҷикистон сурат мегирад.

Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди маризони коронавирус дар Афғонистон марзи 8 ҳазор нафарро убур кард

Донишҷӯёни Афғонистон дар риштаҳои тиб, иқтисод, сиёсат, молия, муҳандисӣ, фанновариҳои ҷадид ва дигар фанҳо таҳсил мекунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли ҷорӣ донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бар асоси бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории "вируси корона" ё COVID-19 рухсат карда буд. 10 май бо як қарори дигар хатмкунандаҳо низ рухсат шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 30 нафари дигар, ки инфиродӣ ва ё бо аҳли хонавода дар Тоҷикистон қарор доштанд ва то ба ҳол банд монда буданд, низ муваффақ ба тарки ин кишвар шуданд.

Омори нигаронкунандаи коронавирус дар Афғонистон: 178 фавт ва беш аз 7 ҳазор дардманд

"Инҳо афроде буданд, ки барои тафреҳ, хабаргирии наздикон ва тадовӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Вазъи молиявии эшон низ дар ин миён ба вахомат гароид. Хушбахтона, рӯйхати афродро, ки мо ба вазорати мӯҳтарами хориҷаи Тоҷикистон ироа кардем, қабул шуд ва иҷозаи убури марзро доданд. Ҳарчанд рӯзҳои истироҳат буд, марзбонони тоҷик шаҳрвандони моро ба он сӯи дарё интиқол доданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Дар ҳамин ҳол, ин танҳо мавриди вижаи иҷозаи шаҳрвандони Афғонистон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аст. Марзҳои ду кишвар то замони номаълум дигарбора баста хоҳанд монд.

Тоҷикистон сар аз 16 март охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баста буд.

Лентаи хабарҳо
0