20:48 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
152500

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави шумораи қурбониёни коронавируси навъи навро гуфтааст. Бояд ёдрас шуд, ки ду рӯзи ахир шумораи қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон бетағйир монда буд

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи қурбониёни вируси корона - КОВИД-19 афзудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи гузашта 2 нафари дигар дар пайи сирояти коронавирус даргузаштаанд.

Ҳамин тавр, бино бар омори 24 май, шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 46 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд ёдрас шуд, ки ду рӯзи ахир шумораи қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон бетағйир монда буд ва 44 нафарро ташкил медод.

Бино бар иттилои вазорат, омори мудҳиштарини маргумир аз коронавирус дар кишвар 14 май буд, ки 6 нафар ҳалок шуданд.

То имрӯз дар Тоҷикистон 2929 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Нахустин ҳоалтҳои гирифторӣ 30 апрел эълон шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)

Мавзӯъҳои асосӣ