07:08 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
452601

14 муҳоҷири афғонистонӣ аз илтиҳоби шуш ва дигар маризиҳо дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар замони шуюъи "вируси корона" 14 муҳоҷире, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, бо ташхисҳои мухталиф ҷонҳои худро аз даст доданд.

"Синни поёнтарини онҳо 55 ва болотаринашон 78 буд. Ба қавли пизишкон, аксари онҳо аз илтиҳоби шуш ва қисме ҳам маризиҳои дилу қанд фавт кардаанд. Намефаҳмам, ки ба "вируси корона" чӣ рабте доштанд. Вабо аст дигар, худиву бегонаро намешиносад. Ҳамаи онҳо дар қабристони Теппаи Роҳатии канори роҳи Душанбе - Ромит дафн карда шуданд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Аммо мавсуф аз вазъи риққатбор, хароб ва душвори иқтисодие низ қисса мекунад, ки дар пайи буҳрони пешомада аз "вируси корона" ба сари муҳоҷирини афғонистонӣ омадааст.

"Муҳоҷирин кор надоранд, қарантина аст, мардум ҷое рафта наметавонад, кирои хона ва дигар мушкилот зиндагии моро аз "корона" бештар сангин сохтааст", - гуфт роҳбари ҷамъияти "Ориёно".

Ба қавли ӯ, дар қатори 250 шаҳрванди Афғонистон, ки ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон хориҷ шуданд, ҳудуди 10 хонаводаи муҳоҷирин аз вилоятҳои Балху Бағлон ва Форёб низ буданд.

"Корти муҳоҷираташонро таслими хадамоти муҳоҷират карданд. Сабти вазорати хориҷаву сафорати Афғонистон карда, визаи хуруҷӣ гирифтанд ва рафтанд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Теъдоди маризони коронавирус дар Афғонистон марзи 8 ҳазор нафарро убур кард

Тибқи иттилои ҷамъияти "Ориёно", муҳоҷирини афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат, бақия дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр кардаанд ва умдатан бо дӯкондорӣ, мардикорӣ, сохтмон, таъмири мошин, таксиронӣ ва дигар касбу кор машғуланд.

Аммо роҳбари ҷамъияти "Ориёно" мегӯяд, дар қиёс бо онҳое, ки дар Покистону Эрон муҳоҷир ҳастанд, вазъи шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон хеле беҳтару хубтар аст ва дар баробари онҳо аслан табъиз вуҷуд надорад.

"Қабл аз ҳама дар ду чиз: маориф ва тандурустӣ. Бачаҳои мо дар қатори бачаҳои маҳаллӣ озод мактаб мехонанд. Агар яке аз мо ҳам мариз шавад, шифохонаҳо бидуни мамониат моро қабул ва тадовӣ мекунанд. Ҳамин мардуми мо ҳам, ки фавт карданд, чанд рӯз дар шифохонаи Ваҳдат буданд ва бо онҳо ҳамон гуна бархӯрд сурат гирифт, ки бо мардуми бумӣ буд. Мардум ҳам моро як хориҷӣ намедонад", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Тайи 40 соли буҳрон дар Афғонистон як қисмати бузурге аз мардуми ин сарзамин ба кишварҳои хориҷ, бахусус, ҳамсоя паноҳ бурданд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 7 миллион шаҳрванди Афғонистон дар Покистону Эрон паноҳанда мебошанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дигари ҳамсоя аст, ки ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷирро аз Афғонистон паноҳ додааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
Афғонистон, маризон, даргузашт, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ