20:43 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
306010

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ