23:28 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
67510

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон аз даргузашти донишманд ва овозхони саршиноси тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ сахт андӯҳгин шудааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба унвони раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ паёми ҳамдардӣ равон кардааст.

 Дар ин паём Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ қайд кардааст, ки худро дар мотами он андешманду ҳунарманди аз даст рафта шарик медонем

“Бадин васила ба камоли таассуфу андӯҳ даргузашти устоди арҷманду донишманд Ҷӯрабек Назриро ба Шумо, аъзои муҳтарами Академия, фарҳехтагон, ҳунармандон ва миллати шарифу ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон тасаллият гуфта ва худро дар мотами он андешманду ҳунарманди аз даст рафта шарик медонем. Худованди бузург саломатӣ ва дилоромии хонадони он марҳуму миллати тоҷикро орзу менамоем”, - қайд кардааст раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон ба даргузашти чанд нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ кард.

Сафири Эрон таъкид доштааст, ки даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Баҳриддин Камолиддинов, Саидшоҳ Акрамов, Хайрӣ Назарова, Савринисо Сабзалиева, Мунира Ҳакимова, Абӯбакри Зубайдӣ, Хуршед Алидод, Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва  ғайра барои фарҳанг ва ҷомеаи Тоҷикистон ва алоқамандони мероси гаронбаҳои порсӣ, дарднок мебошад.

 “Ҳанўз дар ғами аз даст додани ин азизон будем, ки хабардор шудам устоди арҷманд ва ҳунарманди саршиноси мардумӣ  ва раиси собиқи Шўъбаи осори хаттии пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назрӣ низ даъвати ҳақро лаббайк гуфтанд”, - зикр кард Собирӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ин ҳунарманд ва донишманди саршиноси  тоҷик  тамоми умрашро барои рушду тавсиаи ҳунар ва забону адаби муштараки порсӣ сипарӣ кард.

Барчаспҳо:
президент, андӯҳ, донишмандон, даргузашт, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ