01:43 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
213 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун ба Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” рафт ва ҳамчунин бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.   Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар нахуст ба Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” рафт

Гуфта шудааст, ки хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид доштааст, ки, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

Ҳамчунин дар ҳаминҷо Президент аз шафтолубоғи Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” дидан кард.

Гуфта шудааст, ки хоҷагидорони ин боғ бо зиёд намудани майдони боғ ҳадаф доранд маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот намоянд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуд.  

Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” соли 2013 таъсис ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум фаъолият мекунад.

“Эмомалӣ Раҳмон саҳми хоҷагидоронро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, бобати тақвияти бештари ин раванд ба роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳо дод”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ба раисҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки барои амалӣ гардонидани маҷмӯи корҳои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида, аз тарафи Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” ба кишвар  300 адад техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ва дастгоҳу механизмҳо, ба монанди агрегатҳои ҳамворкунии замин бо таҷҳизоти лазерӣ, агрегатҳои мураккаби коркарди замин, эксковатор, мошинҳои худрави боркунанда ва мошинаҳои боркаш, тракторҳои пуриқтидори ҷуфткунанда, агрегатҳои худрави пошидани маводи ҳифзи растанӣ, тухмипошакҳо, комбайнҳои ғалладарав ва таҷҳизоту агрегатҳои муосири таъйиноти кишоварзӣ ворид карда шуд.

Ба иттилои роҳбарияти иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, давоми солҳои 2015-2020 ба хотири рушди соҳа ва коркарди маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон зиёда аз 112,2 миллион доллари амрикоӣ ба сифати сармоя ҷалб гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Гуфта шудааст, ки Ҷамъият дар тӯли фаъолияти худ  заминҳои ғайрикишоварзиро давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ дароварда, майдони заминҳои корами обиро ба зиёда аз 5000  гектар расонид. Корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида идома доранд.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”-ро вазифадор кард, ки аз зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ мақсаднок истифода намуда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, сафари корӣ, деҳқон, Ҷайҳун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ