22:04 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
826 0 0

Маққомоти Исфара таъкид доштанд, ки дар ҳоли ҳозир, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст. Мақомот гуфт, Шукрона Шарофова, ки ахиран аз сӯи як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуд, зери назорати пизишкон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Шукрона Шарофоваро, ки ахиран дар марзи Тоҷикистону Қирғзистон  захмӣ шуда буд, ҳоло дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии Исфара таҳти назорати пизишкон қарор дорад, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
© Фото / пресс-служба правительства / Алишер Алиев

Ба иттилои вай, Шукронаи 25 - сола коргарзани бригадаи №14-уми тухмипарварии маҳаллаи Ибод Файзуллоеви Чоркуҳи Исфара аст ва ҳамроҳ бо ҳамкоронаш дар заминҳои ин бригада кор мекард.

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

Вай гуфт, ба тарафи Шукрона як сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон тир кушода, ӯро захмӣ кард.

“Вазъи саломатии Шукрона Шарофова вазнин буд ва бояд ӯро дирӯз пизишкон ҷарроҳӣ мекарданд”, - таъкид дошт Тешаев.

Қаблан Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфта буд, ба тарафи Шукрона сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон Соат Бахтибеков, тир кушодааст.

Дар ҳамин ҳол, неруҳои марзбонии Қирғизистон, ки одатан дар ҳар муноқишаи марзӣ ба таврӣ фаврӣ изҳорот медоданд, пас аз ин муноқишаи марзӣ роҳи хомуширо пеш гирифтанд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон пас аз чанд соат таъкид доштанд, ки дар марз ҳодисае рух надодааст, аммо сипас изҳор доштанд, ки ин хабарро мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд дод.

Пас аз муноқишаи марзӣ, ки санаи 24 май рух дод ҷониби Қирғизистон тарафи  Тоҷикистонро дар бе асос доман задан ин вазъ айбдор кард. 

Ёдрас мешавем, ки дар ин муноқиша як сарбози қатории Нреуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуда буд.

Тарафи Тоҷикистон, ба муҷозот шудани сабабгорони муноқишаҳои марзӣ даъват кардааст, дар изҳороти нави худ сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ки чунин амалҳо метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Иқбол Тешаев мегуяд, ки вақте, ки ҳодисаи захми шудани Шукрона Шарофова рух дод мақомоти Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба ҷониби Қирғизистон ин маълумотро расонд, аммо то ҳол натиҷае ба даст нарасидааст.   

Ҳамчунин сухангӯи мақомоти Исфара таъкид дошт, вазъи саломатии сарбози қатории Нреуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола беҳтар аст ва ҳоло дар бемористон дар шуъбаи шикасту банд (травмотология) табобат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

Барчаспҳо:
ҷазо, пизишк, назорат, шаҳрванд, мақомот, Қирғизистон, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ