13:22 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
287 0 0

Президент аз вазъи печидаи ҷаҳонӣ ёдрас шуда, таъкид кард, ки сарҳадбонон бояд интизоми оҳанини низомиро риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон ба марзбонони тоҷик паёми шодбошӣ ирсол кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин таманно кардааст.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим медиҳад.

"Хусусан, дар зарфи солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ даҳҳо дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳукумат ба масъалаи таъмини  ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ низ эътибори зарурӣ медиҳад", афзудааст ӯ.

Раҳмон аз марзбонони қурбоншуда ёдрас шуда, гуфтааст, ки "мардуми сипосгузори Тоҷикистон номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд".

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Президент аз таҳдиду хатарҳои нав,  терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир дар марз ёдрас шуда, гуфтааст, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар бо риояи интизоми оҳанини низомӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар ҳоли омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ