23:27 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
417501

Гурӯҳи 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб, вирусологҳо аз музофоти Шэнсии Чин ахиран барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омаданд ва чанде пеш ба вилояти Хатлон ба шаҳри Бохтар сафар карданд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чиноӣ, қайд кардааст, ки мутахассисони чиноӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудааст, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Ҷи Венкуй таъкид доштааст, ки то ин вақт аз ҷониби Ситоди вилоятӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудааст.

Вай афзуд, таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатӣ аз ин шаҳодат медиҳад.  

“Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем”, - қайд кард ӯ.

Бояд гуфт, ки санаи 24 майи соли равон ба хотири ҷилавгири аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии Чин ба Тоҷикистон омаданд.

Манбаъ зикр кард, ки ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара низ дидан намуданд.

Ёдрас мешавем, ки то соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
Чин, Бохтар, табодул, таҷриба, вирус, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ