Мусибат дар хонаводаи Хуршед Атовулло: падари 71 - солаашро аз даст дод

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ато Карим падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" Хуршед Атовуллоев шаби 28 - уми май дар синни 71 солагӣ аз дунё гузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Ато Карим, падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло шаби 28 май дунёи фониро падруд гуфт.

Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Фавти нобаҳангом: раиси ноҳияи Тоҷикобод даргузашт

Ба иттилои сомонаи "Фараж", падари Хуршед Атовулло дар бемористони шаҳри Панҷакент бистарӣ буд. Марҳум ҳамагӣ 71 сол умр дошт.

Бобои Файз - муаллифи таронаи машҳури "Очата бугӯ" даргузашт

Ниёзов Атовулло Каримович (Ато Карим) 15-уми июли соли 1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Баъди хатми омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент, чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултети таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Марҳум  худ шоир, нависанда ва омӯзгор буда, китобҳои зиёдеро чоп намудааст. Китобҳои ӯ бо номҳои "Садо аз зиндон" (1998), "Ашки ҳасрат" (1999), "Тӯшаи ғарибон" (2009), "Фарёди дил" (2011), "Пули ҳаром", (2014), "Ашки ғам" (2018) ба таъ расидаанд ва навиштаҳояш дар чанд маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр шудаанд.

Маросими видоъ бо шоир ва нависанда Ато Карим имрӯз, 29 май дар зодгоҳаш деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0