20:46 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)
1163641

Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, 300 нафарро табобат кард. Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида мешавад ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад.

Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд. Ӯ қаблан дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 1000 нафарро дар умум табобат кардааст.

"Аҷали вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? – мусоҳиба

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то ба ҳол далоили барканории ӯро шарҳ надодааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)

Мавзӯъҳои асосӣ