Садрӣ Файзиев, сардухтуре, ки ваъдааш ба Президентро иҷро карду фавтид

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садрӣ Файзиев, сардухтури бемористони № 5-и ҷамоати Далёни Поёни ноҳияи Деваштич даргузашт. Ӯ ба президент ваъда дод буд, ки беморхона бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Як манбаъ аз Бемористони марказии ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, ки Садрӣ Файзиев бегоҳии рӯзи 29-уми май дар шифохона вафот кардааст.

“Файзиев як моҳ боз бемор буд. Даҳ рӯзи охир дар бемористон бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) нафас мегирифт. Бемориаш шабеҳи “вируси карона” буд, вале, афсӯс аз ин маризӣ наҷот ёфта натавонистанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

Файзиев аз табибони собиқадоре буд, ки 32 сол ба ин сӯ сардухтури беморхонаи ноҳиявии № - 5, воқеъ дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич буд. Ӯ дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки 14 октябри соли 2017 дар “Кохи Борбад” баргузор шуд, ба президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки аввалин беморхонаи хусусӣ дар зодгоҳаш Далёни Поёнро бунёд мекунад.

Муҳаммадқул Исмонов, раиси маҳаллаи Далёни поён ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ бо 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби кори писарони муҳоҷираш ва кӯмаки баъзе саховатмандони диёр як беморхонаи сеошёнаро мутобиқ ба стандартҳои замони муосир дар зарфи беш аз як сол бунёд кард.

“Маросими ифтитоҳи ин беморхона муттавақиф гузошта шуд. Марҳум орзу дошт, ки онро дар ҷашни 23-солагии Иди Ваҳдати миллӣ бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ кунанд. Ин беморхона яке аз иншоотҳои ҷашнии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Деваштич аст”, - гуфт раиси маҳалла.
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: шумораи гирифторон марзи чор ҳазорро убур кард

Зимнан, ин аввалин сохтмони беморхонаи хусусӣ дар ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои Шифохонаи марказии ноҳияи Деваштич, Садрӣ Файзиев 18 ноябри соли 1963 дар деҳаи Далёни Поён дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Баъд аз итмоми курси интернатура аз соли 1988 ба ин сӯ ҳудуди 33 сол сардухтури Беморхонаи ноҳиявии № 5 – и ҷамоати деҳоти Далёни Поёни ноҳияи Деваштич буд.

Оиладор ва соҳиби шаш нафар фарзанд аст. Яке аз писаронаш касби падарро интихоб карда, алъон донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошад.

Сӯҳбати Давлатов аз бақои коронавирус, иштибоҳи табибони тоҷик ва кор дар Ватан

 

Лентаи хабарҳо
0