06:49 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
983 0 0

Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус хабар дод, ки дар мактабҳои Тоҷикистон баргузории ҳамагуна имтиҳонҳо лағв шуд. 

Бино бар иттилои манбаъ,ситод имрӯз бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шуд мешавад.

"Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад", - омадааст дар қарори ситод.

Ситод вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ  таъсис  диҳад.

Мувофиқи тартиб аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дода мешавад.

Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи “Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттетстати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ