23:06 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Мақомоти ноҳияи Қубодиён таъкид доштааст, ки маблағи ҷудошуда аз буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳо кифоя нест ва ҳоло 70 дарсади роҳҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ноҳияи Қубодиён 144 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки 30 дарсадаш барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқ буда, 70 дарсади дигар ба таъмир ниёз доранд. 

Тоҷикистону Эрон барои таъмири нақби “Истиқлол” 11 миллион доллар ҷудо карданд

Қурбоналӣ Хоҷаев, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” гуфт, ки барои таъмир ва кашидани хатҳои уфуқӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи ҳамагӣ дар панҷ моҳ 14 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ нокифоя аст.,

"IRS" дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудияти 12-соатӣ ҷорӣ мекунад

“Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ноҳия ба таъмири асосӣ ниёз доранд”, – қайд кард Қурбоналӣ Хоҷаев.

Вай афзудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва таъмири ҷорӣ шуда, як пул ва як қубури обгузар таъмир гардидааст.

Ҳамчунин вай илова кард, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири 34 километр роҳҳои байналмилалӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд.

Барчаспҳо:
пул, роҳ, таъмир, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ