22:02 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1084 0 0

Дар як ҷаласа мақомоти ноҳияи Варзоб ба муовини сарвазири кишвар иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки зимни ҷаласа ба муовини сарвазири кишвар гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи  ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ба мақомоти ноҳия дастур додааст, ки корҳои безараргардониро давом дода, бо аҳолӣ ҳамеша тамос шаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Гуфта шудааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи  дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.

Барчаспҳо:
ҷавоб, беморхона, бемор, муовини сарвазир, вирус, Варзоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ