19:50 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1122 0 0

Давоми як шабонарӯзи ахир дар бозори расмии асъори Тоҷикистон арзиши рубл боз нисбат ба пули миллӣ боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 3  июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар арзиши 1 рубли русӣ то 0.1505 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондод рӯзи гузашта ба 0.1480 сомонӣ баробар буд.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2745 то 10.2800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Болоравии рубл ҳамзамон дар бозори асъори байналмилалӣ дар ҳолест, ки доллар тайи ду моҳи ахир дар ҳоли суқут қарор дорад. Коршиносон низ пешгӯӣ мекунанд, ки дар пайи ҳаводиси ахир дар ИМА ва танишҳояш бо Чин метавонад ба коҳиши доллар сабаб гардад.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Мавзӯъҳои асосӣ