20:53 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1004 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки ҷасади духтари 16-сола дар вилояти Суғд , ки худро ба дарёи Зарафшон андохта буд, аз наздикии деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҷасади духтари 16-сола, ки дар вилояти Суғд даст ба худкушӣ задааст баъд аз панҷ рӯз пайдо шуд.

Тибқи иттилои манбаъ ҳодисаи мазкур санаи 28-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 рух додааст.

КҲФ хабар додааст, ки як сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохта буд. Ин духтар ҳамагӣ 16 сол дошта буд ва сабаби худкушиаш то ҳол маълум нест. 

“Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ва талошҳои панҷрӯза билохира санаи 1-уми июн  наҷотдиҳандагони ихтиёрии водии Зарафшон ҷасади марҳумро дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд”, - қайд намудааст манбаъ.

Инчунин, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар вилояти Суғд хабар дод, ки як сокини 24 - солаи шаҳри Истаравшан дар пойгоҳи обкашии Қизилӣ - 2 ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. 

Мавсуф оиладор ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ  буда, муваққатан дар ноҳияи Зафаробод кор мекард. Шоҳидон гуфтаанд, ки вай мехостааст дар оби пойгоҳи обкашӣ дасту рӯй шӯяд ва ногаҳон ба ҳавзи он фурӯ рафтааст.

Бегоҳии дирӯз ҷасади марҳум аз ҷониби сокинони ҷамоати ёдшуда пайдо ва  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Барчаспҳо:
Панҷакент, Зарафшон, худкушӣ, ҷасад, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ