Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 4-сола ҳалок шуд

Обуна шудан
Ронандаи "Мерседес Бенс", ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Вектра" бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст, ки дар натиҷа мутаассифона кӯдаки хурдсол, чорсола ба ҳалокат расидаст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 июн рух додааст.

Тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс», Азимов Аскар Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" дар 186 км, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Забаров Насим Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" хурдсол, Забаров Муҳаммадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Забаров Н.Б. ва мусофираш, Забарова Мастура Раҷабовна, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0