Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони мактабу боғча шинос шуд

Обуна шудан
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёд шуда, дар соли таҷлил аз 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони як қатор муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур шинос шуд, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси шаҳр аз сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст, дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш дидан кардааст.

"Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар соли таҷлил аз 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон
Аз хона набароед: 45 гурӯҳи кории Рустами Эмомалӣ дар мубориза бо коронавирус

Ҷараёни шиносоӣ ва боздиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои ноҳияи Шоҳмансур оғоз ёфт.

 

Ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар иншоот корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, ҳоло бинокорон ба  рангу бори дохил ва намои берунаи бино, васлу насби шабакаҳои муҳандисӣ ва ободонии ҳудуди Муассиса машғул мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи лоиҳа дар масоҳати 0,68 г. бунёд шуда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад.

Муассиса 4 ошёна буда,  51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, 8 синфхонаи лабораторӣ, ба шумули синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифоии ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, ҳайкалтарошию расмкашӣ, озомишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона иборат мебошад.

Раиси шаҳр ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони бинои Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш  шинос шуд.

Сохтмони ин муассисаи томактабӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми ноябри соли 2019 оғоз гардидааст.

Масоҳати умумии қитъаи замин барои бунёди кӯдакистон 1,4 гектарро ташкил медиҳад.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 3 ошёна бо болохона иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла  толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт  мебошад.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дархости Рустами Эмомалӣ аз Бонки миллӣ барои дастгирии соҳибкорон

Ҳар як ошёна барои 8-гурӯҳ кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст.

 

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар иншоот 600 нафар бинокорон ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият доранд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки  дар иншоот ситоди доиамалкунанда ташкил карда, корро дар се баст ба роҳ монанд ва иншоотро то муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор диҳанд.

Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба вазорати тандурустӣ кумак кард

Дар ин робита Роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур муваззаф гардид, ки дар ободонии гирду атрофи Муассиса ва рангу бори биноҳои ҳамшафати он саҳмгузор бошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0