07:05 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
413 0 0

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт намудани ҷавони 26 - сола хабар медиҳад, ки дар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба сокини шаҳри Конибодом муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 5 - уми июн тахминан соати 09:00 дақиқа дар назди осоишгоҳи "Гулобод" рух додааст.

Хостам тарсонам: боздошти Пулодов барои кордкашӣ ба сӯи додараш

"Марди 26-солаи сокини шаҳри Конибодом дар назди осоишгоҳи "Гулобод" бо марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", - таъкид мешавад дар хабар. 

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ба ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ расонидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
кордкашӣ, осоишгоҳ, Конибодом

Мавзӯъҳои асосӣ