06:19 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
284610

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд давоми як рӯзи ахир бар асари маризии коронавирус ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 июни соли равон дар мамлакат 1265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Бар тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз котиботи вазорат дастрас намуд, то соати 20:00 дақиқаи 6 июн дар кишвар 4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

Зимнан, манбаъ таъкид мекунад, ки давоми шабонарӯзи ахир ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт нашудаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ