Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкГоспиталь COVID-19
Госпиталь COVID-19  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
то 7 июн дар мамлакат 1186 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 185 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. То соати 18:00 дақиқаи 7 июн  дар Тоҷикистон 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2673 (59%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. 

Шабонарӯзи гузашта 76 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд. То имрӯз дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 7 июн дар мамлакат 1186 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 185 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

 

Лентаи хабарҳо
0