14:58 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117830

Ҳаётҷон Нақибҷонов, як соҳибкори ҷавон аз ноҳияи Ашт, бо пешниҳоди ариза, дар бораи амали “беамалии” раиси ноҳия ба суд муроҷиат кардааст. Қарор аст, имрӯз аз рӯи ин шикояти ӯ мурофиаи додгоҳӣ баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Нақибҷонов бо пешниҳоди ариза ба суди ноҳия, ки нусхаи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд муроҷиат намудааст, ки раиси ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо муроҷати пайдарпаи ӯро барои сохтмони як мағозаи фурӯши бозичаҳо барои атфол дар рустои Дӯстии ноҳияро ба ҳар баҳона нодида гирифта, аз қабули қарор барои ҷудо намудани замин парҳез мекунад.

 “Барои баровардани қарор чанд моҳ аст, ки ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ин ҷо амали “беамалӣ” зоҳир мешавад. Аз ин хотир мо дар асоси моддаи 249 КМГ ҶТ (амал ё беамалии шахси мансабдор) ба суд муроҷиат намудем, то масъалаи қабули қарор ва муроҷиати мо қонунӣ баррасӣ гардад”, - гуфт Нақибҷонов.

Ин сокини ноҳияи Ашт мегуяд, барои бунёди мағоза хулосаи мусбии масъулини сохторҳои обу барқу роҳ, экология, идораи беҳдоштӣ ва дигар идораҳои марбутаро бо тасдиқи муҳри давлатӣ дарёфт кардааст, аммо танҳо раиси ноҳия аз қабули қарор дар бораи ҷудо намудани замин ба таъхиркорӣ роҳ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол талоши мо, барои овардани назари ҷониби ҳукумати ноҳияи Ашт натиҷа надод. Ба зангҳои пайвастаи телефонӣ, ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳия ҳозир нашуд, ки дар бораи асоси содир накардани қарори ҷудо намудани қитъаи заминро шарҳ диҳад.

Аммо Нақибҷонов то ба ин дам, қабул накардани қарор дар бораи ҷудо намудани замин аз ҷониби ҳукумати ноҳияро аз ҷойдошти хусумат нисбаташ пиндошта, мегуяд дар саҳне, ки вай мағоза бунёд карданӣ то имрӯз даҳҳо нафар қарори раиси ноҳияро дарёфт карда ва бо сохтмони нуқтаҳои хизматрасонӣ шурӯъ намудаанд.

Ҳаётҷон Нақибҷонов (Ҳаётҷони Одил) мегуяд, пешаи рӯзноманигорӣ дошта, ҳоло дар ҳафтаномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” ба сифати хабарнигор кор мекунад. Аммо моҳонаи ками идорӣ, ӯро водор кардааст, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул шавад, чун бо маоши рӯзноманигорӣ пеш бурдани зиндагӣ душвор аст, изҳор медорад ӯ.

 Вай мегуяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос намудани проблемҳаои ноҳия, эҳтимол боиси ба қавле “бадбинии” ӯ миёни ҳукуматдорони ноҳия шудааст.

“Дар ҳама ҷо проблема вуҷуд дорад, ҳатто дар шаҳру ноҳияҳои бузург. Мо проблемаҳоро барои ислоҳ нишон медиҳем ва нисбати ҳеҷ касе аз масъулин ғараз надорем”, - таъкид кард Нақибҷонов.

Қарор аст, зуҳри имрӯз бо иштироки ӯ ва ҷониби ҳукумати ноҳия мурофиаи суди ноҳияи Ашт баргузор шавад.

 Ин сокини ноҳия умедвор аст, ки додгоҳ муроҷиати ӯро дар доираи солоҳияти қонунии худ моҳиятан баррасӣ менамояд. Дар Тоҷикистон шикоят кардани сокинон аз болои роҳбарони баландмақоми давлатӣ дар суд, ҳолатҳои камсобиқа дониста мешаванд.

Барчаспҳо:
мурофиа, шикоят, суд, пешниҳод, Ашт, соҳибкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ