Назорати бонкҳо пурзӯр мешавад: Бонки миллӣ ба ду ширкати аудиторӣ иҷозатнома дод

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба “Аудит Консалтинг” ва Моор Стивенс” барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дод

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 08 июни соли равон ба ду ширкати аудиторӣ “Аудит Консалтинг” ва Моор Стивенс” иҷозатномаи фаъолият дода шуд.

Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

“Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, боби 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва банди 12 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аудит Консалтинг” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти БМТ.

Инчунин, Раёсати Бонки миллӣ санаи 08 июни соли равон қарори дигареро низ ба тасвиб расонд.

Тибқи қарори дигари раёсати БМТ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс”, барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 солниз  иҷозатнома дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти бонк департаменти назорати бонкиро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Лентаи хабарҳо
0