15:50 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
345 0 0

Рӯзноманигор ва соҳибкори ҷавон Ҳаётҷон Нақибҷонов ва ҳукумати ноҳияи Ашт бо ҳам ба созиш расиданд. Қароре, ки то ин вақт дар қабули он кашолкорӣ сурат мегирифт, имзо шуд ва рӯзноманигор шикояташ алайҳи ҳукумати ноҳияро аз суд пас гирифт

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Ҳаётҷон Нақибҷонов, рӯзноманигори ҷавони маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз поёни қазияи судии худ бо масъулини ҳукумати ноҳия хабар дод.

Ӯ гуфт, масъулин имрӯз ба ҳукумат даъват карда ҳуҷҷатҳои ҷудо намудани заминро барояш дуруст кардаанд.

“Як соат пеш намояндагони ҳукумати ноҳия бо мо вохӯрдаанд ва қарори дахлдор сари ҷудо намудани порчаи замин иборат аз 32 метри мураббаъ, ё 0, 3 сотихро ба имзо расониданд. Бо ҳамин мо ва ҳукумат ба созиш расидем ва ҳоло аз якдигар ранҷишу шикоят надорем”, -гуфт Нақибҷонов

Ин сокини ноҳияи Ашт гуфт, бо гирифтани қарори ҷудо шудани қитъаи замин аз суд шикояташ алайҳи ҳукумати ноҳиро пас мегирад.

Мурофиаи судии даъвои рӯзноманигор аз беамалии ҳукумати ноҳия Ашт 9 июн баргузор шуд ва то рӯзи 12-уми июн ба таъхир гузошта шуда буд.

Нақибҷонов дар ҳоле ба суд шикоят кард, ки дар ҳукумати ноҳияи Ашт муроҷати пайдарпайи ӯро, барои сохтмони як мағозаи сабуки фурӯши бозичаҳо барои атфол дар рустои Дӯстӣ ба ҳар баҳона нодида гирифта, аз ҷудо намудани замин барояш парҳез мекунад.

“Барои баровардани қарор чанд моҳ аст, ки ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ин ҷо  “беамалӣ” зоҳир мешавад. Аз ин хотир мо дар асоси моддаи 249 КМГ ҶТ (амал ё беамалии шахси мансабдор) ба суд муроҷиат намудем, то масъалаи қабули қарор ва муроҷиати мо қонунӣ баррасӣ гардад”, -  гуфта буд Нақибҷонов.

Ҳаётҷон Нақибҷонов пешаи рӯзноманигорӣ дошта, ҳоло дар ҳафтаномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” ва радиои хусусии “Диёр FM” ба сифати хабарнигор кор мекунад. Аммо моҳонаи ками идорӣ, ӯро водор кардааст, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул шавад, зеро дар шароити кунунӣ бо маоши рӯзноманигорӣ пеш бурдани зиндагӣ душвор аст, мегӯяд ӯ. Ин сокини ноҳия афзуд, бо гирифтани қарор ҳоло ба сохтмони мағозаи фурӯши бозичаҳои баччагона дар рустои худ шурӯъ мекунад ва ба ин васила саҳми худро дар ободии зодгоҳаш мегузорад.

Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ