05:51 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37310

Кумаки рӯзноманигорони қазоқистонӣ ба 55 нафар журналистони эҳтиёҷманд дастрас шуд. Дар ин кори хайр рӯзноманигорони Русия, Украина ва Ӯзбекистон низ саҳм гузоштанд

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Санаи 11-уми июн, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо кумаки рӯзноманигорони қазоқистонӣ ба 55 нафар журналистони эҳтиёҷманд орд, биринҷ, шакар, макарон, равғани растанӣ, ҳамчунин ниқоб, дастпӯшак, антисептик ва салфетка тақсим кард, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин кори хайр рӯзноманигорони Русия, Украина ва Ӯзбекистон ҳам саҳми худро гузоштанд ва аслан ташаббус аз ҷониби журналистони қазоқистонӣ буд.

Манбаъ зикр кардааст, ки маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар роҳандозии чунин чорабиниҳо таҷрибаи бойи корӣ дорад ва амалӣ намудани ин иқдом дар ВМКБ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлобу Хуҷанд низ дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук як гурӯҳ рӯзноманигорони Қазоқистон эълон карданд, ки бино бар буҳрони шидиди молиявии журналистони тоҷик барои онҳо кумаки молӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ба қавли онҳо ҳудуди ин кумак бояд аз 15 доллари амрикоӣ кам набошад то онҳо тавонанд маводи ғиизоӣ бихаранд.

Дар ҳамин ҳол, Нуруддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон иқдоми хубарнигорони қазоқ, ки дар пайи ҷаъмоварии кумак ба рӯзноманигорони тоҷик мебошандро як иқдоми ҳамраъӣ хонд ва гуфт, ки беҳтар мебуд маводи журналистони тоҷик дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя чоп мешуд во онҳо ба ҷои кумаки молӣ, ҳаққу заҳмат бигиранд.

Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон
акс аз саҳифаи фейсбукии Бахтиёр Ҳамдамов

Ҷаноби Қаршибоев илова кард, хуб мешуд барои журналистони тоҷик имконият медоданд то дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ намоянд.

Ба қавли раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон вазъияти молиии журналистони тоҷик чандон бад нест, ки барои як бурида нон зор бошанд, аммо онҳо ин иқдоми рзноманигорони қазоқро ҳамчун як иқдоми хайрия ва нишонаи ҳамраъӣ медонанд.

“Албата бархе аз рӯзноманигорони тоҷик инро қобили қабул намедонанд, аммо гурӯҳе ҳаст, ки ба ин кумакҳо эҳтиёҷманд бошанд. Ба ҳисоби миёна маоиши ҳар як рӯзноманигор  дар Тоҷикистон 100-120 долларро ташкил медиҳад. Вале дар ин миён, албата рӯзноманигороне ҳастанд, ки пули бештар мегиранд. Вале, аз ин кам шояд дар нашрияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  гиранд. Вале ҳамҳзамон бояд як чизро ба назар гирифт, ки аксари журналистон бо ду се расона ҳамкорӣ мекунан ва барои таъмини оилаашон аз дигар сарчашмаҳо низ истифода мекунанд”, - зикр кард Нуруддин Қаршибоев.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон таъкид дошт, ки вазъияти буҳронӣ ба тамоми соҳаҳои рекламаву тиҷорат таъсир гузоштааст. Ҳозир дар расонаҳои ҷой додани реклама хеле коҳиш ёфтааст ва ин боиси паст гардидани вазъи молиявии расонаҳо шудааст.

Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Русия, кумак, эҳтиёҷмандон, журналистон, рӯзноманигор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ