03:59 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
585 0 0

Қарор аст, рӯзи аввали моҳи июл баъд аз се моҳи қарантинаи “вируси корона”, футболи тоҷик ба майдон баргардад. Аммо вазъи душвори молиявӣ дар канор рафтани баъзе тимҳо аз майдони сабз боис шудааст

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дастаи футболи “Зарафшон” и шаҳри Панҷакент яке аз чунин дастаҳост.

Бино ба гуфти чанде аз ҳаводоронаш ин даста ҳоло ба вазъи бади молиявӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ҳоли худдорӣ варзидан аз иштирок дар мусобиқоти футболи кишвар аст. Баҳром Хоҷаев яке аз нафарони огоҳ аз вазъи дастаи "Зарафшон"-и Панҷакент таъкид намудааст, ки чи гуна муаммоҳои иқтисодӣ сабаби поёнравии мавқеи ин даста дар арсаи футболи кишвар шудааст.

“Дастаи “Зарафшон” соли гузашта дар Лигаи Якум қувва меозмуд ва ҳатто дар мавсими 2012/2013 Қаҳрамони Лигаи Якум гардида то ба Лигаи Олӣ роҳ ёфта буд. Аммо бо сабаби набудани дастгирӣ ва моҷароҳои иқтисодӣ, даста ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт, ки билохира аввал ба Лигаи Якум баъдтар ба Лигаи Дуввум фиристода шуд”, -  гуфтааст Хоҷаев.

Ин ягона даста, ки водии Зарафшони кишварро дар футбол намояндагӣ мекунад, соли 1981 таъсис ёфтааст.

Вале солҳои охир ба далели набуди ҳавасмандии собит футболбозон ба мушкилиҳои зиёд дучор шудаанд. Дар бораи мушкили молиявии ин даста, ахиран дар соли 2018 низ хабар дода мешуд.

Он замон баъзе аз футболбозони “Зарафшон”дар бораи норасоии либосҳои футболи шикоят карда, мегуфтанд, ки аз ночорӣ бо бутсиҳои даридаю дарбеҳдор ба майдони футбол мебароянду дар вақти бозӣ ҳеҷ кас барояшон ҳатто об ташкил намекунад.

Соли гузашта дар Лигаи Якум бозӣ кардем, аммо аз сабаби набудани маблағ саривақт ба мусобиқаҳо иштирок карда натавонистем ва аз дастаҳо ҳазф карданд.

Як футболбози дастаи “Зарафшон” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ахиран масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент барои иштирок накардани мо дар мусобиқаҳои футбол ба унвонии Федератсияи футболи вилояти Суғд мактуб ироа кардаанд.

“Мо футболисто хабар не, аз ҳукумат мактуб навиштаанд, ки дастаи “Зарафшон” дар бозиҳои имсола иштирок намекунад”, - гуфт футболбоз.

Ин ҳамсуҳбати мо сабаби ироаи ҳамчунин мактуб ба унвонии ФФ Суғдро сабаби ҷудо накардани маблағ аз ҷониби ҳукумат медонад.

Ӯ гуфт, ин дар ҳолест, ки ба мисли дигар футболбозон аслан маош намегиранд ва ҳукумат барои ин даста танҳо барои хурок ва роҳкирои сафарашон маблағ ҷудо мекард.

“Барои даҳ бозӣ дар умум бист ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Агар ҳукумат барои ҷудо кардани он душворӣ кашад, мо дигар ба мусобиқаҳо иштирок карда наметавонем”,-  гуфт узви дастаи “Зарафшон”.

 Аммо Фирӯз Бобоев, мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент мегуяд, мушкил сари ҷудо кардани маблағ набуда, балки масъалаи таъмири варзишгоҳ аст.

Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаҳри Панҷакент барои ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ дар варзишгоҳ омодагӣ мебинад ва аз ин лиҳоз баргузории футбол муваққатан боз дошта мешавад.

 “Исмол мо 5500 солагии Саразми бостониро бо иштироки намояндаҳои баланмақоми кишварҳои ба мо дӯсту ҳамфарҳанг таҷлил менамоем. Варзишгоҳ ҳоло таъмирталаб аст. Мо варзишгоҳро пурра таъмир карда, барои ҷашн омода мекунем. Аз ин хотир дастаи Лигаи Дуюми футболро муваққатан боз доштем. Баъдтар бозишонро идома медиҳанд”, - гуфт Бобоев.

 Шаҳри Панҷакент ҳудуди 300 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ҳоли боз дошта шудани дастаи “Зарафшон” аз бозиҳои футбол ин шаҳри саноатии кишвар ҳам дар радифи ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ки умдатан дататсионӣ гуфта мешаванд, хоҳад буд, ки дар онҳо дастаи футбол ҳади ақал дар Лигаи Дуюм амал намекунад.

 Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон Қонун дар бораи рушди футбол барои солҳои 2017-2021 ро қабул намудааст, ки тибқи он бояд дар шаҳру навоҳии кишвар майдонҳои футбол таъмир ва бунёд шуда, дастаҳои хурду бузурги футбол таъсис дода шаванд.

Барчаспҳо:
майдон, тим, канор, молия, Тоҷикистон, вирус, тоҷик, Футбол

Мавзӯъҳои асосӣ