16:10 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1228710

Абдураҳмон Субҳонов, майори милиса, корманди шуъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур - 2 – и шаҳри Душанбе дар синни 42 – солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Сабоҳат Каримова, ҳамсари Абдураҳмон Субҳонов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамсараш шаби гузашта дар манзили худ, воқеъ дар кӯчаи Ибни Синои шаҳри Душанбе аз маризии қанд ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

 “Рӯзи якуми Рамазон модараш – хушдоманам гузашта буданд. Абдураҳмон ин дардро хеле ба сахтӣ таҳаммул мекард. Ҳар ду – се рӯз сари қабраш Ҳамадонӣ рафта меомад. Дирӯз ҳам рафта, дер баргашт. Хеле хаставу абгор буд. Хобиду дигар нахест”, - гуфт Сабоҳат Каримова.

Абдураҳмон Субҳонов соли 1978 дар шаҳраки Маскав, маркази маъмурии ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. То соли 2013 дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз он пас дар қисми навбатдории шуъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур - 2 – и шаҳри Душанбе кор мекард. Аз ӯ 5 фарзанд – 2 писар ва се духтар боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон 18 – сола ва хурдтаринашон 2 - сола аст.

Генерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон
акс аз саҳифаи Наврӯз Қурбонзода, масъули котиботи Маҷлиси миллӣ

Робияхон Мавлонова, ҳамсояи Абдураҳмон Субҳонов дар кӯчаи Ибни Сино шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум як ҷавони беозор ва бо атрофиён меҳрубон буд.

Даргузашти генерал Азимов, собиқ фармондеҳи марзбонӣ ва ноиби сарвазир

“Вазифа дошт, такаббур надошт. Ҳарду бегонаем, аммо апаву додари қиёматӣ будем. Ҳоло ин ғам маро гирифтааст, ки ҳамсараш бо панҷ фарзанди аксаран ноболиғ чӣ кор мекунад? Умедворам, ки ҳукумати Тоҷикистон намегузорад онҳо хор шаванд”, - гуфт Робияхон Мавлонова.

Абдураҳмон Субҳонов писари Исмонқул Субҳонов дар гузашта раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1999 – 2003) ва муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон (2005 – 2010) буд.

Ба қавли наздикон, ҷанозаи Абдураҳмон Субҳонов имрӯз – ҷумъа дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар канори қабрҳои падару модараш ба хок супурда шуд.

Барчаспҳо:
писар, даргузашт, Душанбе, милиса, қатли майори милиса, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ