Эҳтиёт! Рӯбоҳу шағолҳои Хуҷанд қарантина надоранд

© © pixabayШакал
Шакал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинон Хуҷанд мегуянд, шумори ҳайвоноти дайду ба мисли рӯбоҳу шағол дар ин охирҳо дар маҳаллаҳои шаҳр бештар шуда баъзе аз ин ҷонварони ёбоӣ ба моли хонагии онҳо ҳуҷум кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Фурқат Комилов, як сокини маҳаллаи Чашмаи Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи равшан шағолҳо ба мурғхонаи ӯ ҳуҷум карда, се мурғобиашро тӯъмаи худ кардаанд.

 “Аз бозор омада бинам, ки рӯи ҳавлӣ пури парри мурғ аст. Рафта мурғхоная бинам, аз панҷ мурғобӣ се тояш кушта шудаанд. Рӯи заминчаи хона иззи пои шағол намудор аст”, - гуфт Комилов.

Ин сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, дар таҷрибаи мурғпарвариаш бори аввал мебинад, ки ҳайвоноти дайду чӣ гуна рӯзона ба шикори моли хонагӣ сар кардаанд. Сокинони маҳаллаҳои дигари Хуҷанд низ аз афзоиши шумори ҳайвоноти дайду нақл мекунанд.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Дамгирӣ бас? Дастури Ситод ба вазорату идораҳо

Мирзо Усмонов сокини маҳаллаи 15-уми шаҳр мегуяд, ба ҳисоби сагҳои дайду шумори зиёди рӯбоҳ ва шағолҳоро дар ин маҳалла мушоҳида кардааст.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон мегуянд, дар қарантинаи хонагӣ қарор доштани сокинон, ба ҳузури бештари ҳайвоноти дайду дар маҳаллаҳо боис шудааст.

“Аз ҳисоби гашту гузори ками мардум дар кӯчаҳо, ҳайвоноти дайду аз тепаҳо ба маҳаллаҳо омадаанд. Вақте, ки садои одамон кам шуднида шавад, ин ҷонварон озод дар маҳаллаҳо гаштугузор мекунанд. Вақте, муҳлати қарантина тамом шуд ва мардум дубора ба кӯчаҳо бароянд ҳайвоноти дайду тарсида мераванд”,- гуфт Диловар як сокини солдидаи Хуҷанд.

 Баъзе аз сокинони деҳоти Суғд низ дар бораи зарари хукҳои ёбоӣ ва дигар ҷонварони кӯҳӣ ба киштзорҳояшон таъкид намуданд.

Иддае бар ин назаранд, ки ҳайвоноти дайду манбаъи паҳнкунандаи бемориҳои сироятианд ва бояд онҳо фавран аз сӯи мақомот қир карда шаванд, вале бархеи дигар куштани ҳайвонотро амали “бераҳмӣ” нисбат ба ҷонварони табиат медонанд.

Бабри барфӣ дар водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

 Ахиран Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишати матбуотӣ дар посух ба саволи рӯзноманигорон барои мушкили пешгирии сагҳои дайду дар бораи сохтмони иншоот барои нигоҳубини сагҳои дайду зикр кард.

“Ман ҳамчун шаҳрдор инро дар нақша дорам. Барои анҷом додани ин кор ҳаракат мекунем ва барои ҳалли ин масъала, бо сохторҳои марбута корбарӣ мекунем”, - изҳор дошт раиси Хуҷанд.

 Бино ба омори расмӣ, давоми як соли охир бештар 3 ҳазору 700 ҳолати осеб дидани сокинони Суғд аз захми дандони ҳайвоноти дайду асосан сагҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар бештар аз 220 чунин ҳолатҳо сокинони Хуҷанд будаанд.

Соли 2019 дар пайи муроҷиати сокинон аз сӯи ин комиссияи вижа дар Хуҷанд 717 саги дайду кушта шудааст.

Мақомоти вилояти Суғд мегуянд, дар ҳоли бештар шудани ҳуҷуми ҳайвоноти дайду барои нест кардани онҳо комиссияи вижа таъсис дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0