Курсие, ки 7 моҳ холӣ буд: Иброҳимзода муовини раиси шаҳр интихоб гардид

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазифаи муовини раиси шаҳри Левакант муддати 7 моҳ холӣ буд ва акнун дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Иброҳимзода Зуҳро ба ин мақом такя зад

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Иброҳимзода Зуҳро ба вазифаи муовини раиси шаҳри Левакант таъйин шуд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи таъйиноти кадрӣ: Раҳмон ду муовини Агентии назорат дар соҳаи маорифро интихоб кард
Ба иттилои манбаъ, Иброҳимзода қаблан ба ҳайси мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Левакант фаъолият мекард.

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент

Ахиран дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, номбурда ба ин вазифа таъйин шуд.

Ҳанӯз то ҳафт моҳ пеш дар ин курсӣ Наргис Қурбонова менишаст. Мавсуф бо иллати ба кори дигар гузаштан, аз ин вазифа канор рафт.

"Аз замони ба кори дигар гузаштани Қурбонова курсии муовини раиси шаҳр холӣ буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, Абдулмуминзода Аҳлиддинро Кабирзода Неъматулло иваз намуд. Абдулмуминзода то чанд моҳ пеш вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Левакантро бар ӯҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0