Фавти як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: омори ҷадид барои як рӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПациент в центральной клинической больнице "
Пациент в центральной клинической больнице  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта бар асари маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон як бемор ҷон бохт. Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониён ба 50 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёфтагони маризии сироятии коронавирус барои шабонарӯзи ахирро нашр намудааст.

Человек в перчатках держит защитную медицинскую маску - Sputnik Тоҷикистон
Омори ҷадиди гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бар тибқи маълумоте, ки вазорати тандурустӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, шабонарӯзи гузашта бар асари ин маризӣ як бемор ҷони худро аз даст дод.

Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониёни ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 50 нафар баробар шуд.

Омори ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон: ду фавт, 38 ҳолати нав ва карантини 4 минтақа

"То соати 17:30 дақиқаи 13 июн  дар Тоҷикистон 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)   нафар шифо ёфтаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, то 13 - уми июн дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0