Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: ҳафт нафар вазифа гирифтанд - се зан

© котиботи дастгоҳи раиси вилояти ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон пайи як тағйироти кадрӣ, ки ҳафт нафар вазифа гирифтанд, се зан низ ба мақомҳои баланд таъин гардиданд

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо розигии Президент дар вилоят тағйироти кадрӣ анҷом додааст.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят гузориш медиҳад, ин тағйирот дар сатҳи муовинони раиси шаҳру навоҳии Балҷувон, Левакант, Абраҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр, се зан -  Зоирзода Маърифат Оймаҳмад муовини аввали раиси ноҳияи Балҷувон, Иброҳимзода Зуҳро Искандар муовини раиси шаҳри Левакант, Гулмуродзода Бибинисо ГУлмурод муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин гардиданд.
Инспектор ГИБДД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ бо сабаби фавт: Раҳимзода, сардори БДА-и Зафаробод шуд

"Кабирзода Неъматулло Раҳмон муовини аввали раиси шаҳри Левакант, Хайрулло Ҳафизулло Сайдулло муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷумъазода Шифо Ҷумъа ва Одиназода Олим Одина муовинони раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, таъин шуданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзода бо кадрҳои таъингардида мулоқот карда, аз онҳо даъват кардааст, ки содиқона ба ватан хизмат намуда ва бо мардум робитаи наздик дошта бошанд.

Таъиноти кадрӣ: Лолахон Азиз сардори САҲШ дар Суғд таъин шуд

 

Лентаи хабарҳо
0