14:57 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80510

Субҳи мирӯз сокинони Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистонро зилзила бедор кард. Коршиносон магнитудаи ҷунбиши заминро 5,9 балл гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Субҳи имрӯз, сешанбе дар Тоҷикистон замин ҷунбид, ки қувваи он дар марказаш 5,9 баллро ташкил медод, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии баҳри миёназамини Аврупо.

Сокинони кишвар ҷунбиши заминро соатҳои 06:30-и субҳ ҳис кардаанд.

Маркази заминларза дар чуқурии 100 километр дар 72-километрии шимолу шарқии шаҳри Хоруғ ва 327-километрии шарқии Душанбе гуфта мешавад.

Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ иттилое дода намешавад.

Заминларзаро субҳи ҳамин рӯз сокинони Ӯзбекистон низ ҳис карданд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар дар 11 минтақаи Ӯзбекистон ҷунбиши заминро ба қайд гирифтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ