01:41 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
663 0 0

Фақат коркунони ширкатҳои италиявии Сални Импреҷило ва русӣ ба мавқеъ маош дарёфт мекардаанду халос

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба дигар расонаҳо менависад, ки дар Тоҷикистон кормандони нерӯгоҳи "Роғун" аз пардохт нашудани музди кориашон шикоят мебаранд.

Манбаъ менависад, ба коргарон ва мутахассисони неругоҳи Роғун 6 моҳ аст, ки маош пардохт нашудааст.

"Аз байни 25 ҳазор нафаре, ки дар ин тарҳ кор мекунанд, фақат коркунони ширкатҳои италиявии Сални Импреҷило ва русӣ ба мавқеъ маош дарёфт мекунанд", - омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.

Яке аз ин коргарон гуфтааст, ки як ҳафта пеш, Қоҳир Расулзода, нахуствазир қавл дод, ки ба зудӣ  маошҳои ақибафтода пардохт мешавад, аммо ҳануз замон ва мизони пардохтиҳо мушаххас нест.

Дар ҳамин ҳол, менависад "Парс тудэй",  коркунони ширкати алюминийи ТАЛКО, яке аз бузургтарин корхонаҳои Тоҷикистон ҳам се моҳ аст, ки маош дарёфт накарданд.

"Агар ин ширкат дар шароите, ки нархҳои ҷаҳонии алюмин коҳиш ёфта маоши коркунони худро пардохт кунад, сармояи кофӣ барои хариди маводи аввалия нахоҳад дошт ва корхона таътил хоҳад шуд", -  гуфтааст Игор Сатторов, раиси дафтари матбуоти корхона гуфт:

 

Мавзӯъҳои асосӣ