Навори "сӯиқасд ба кӯдакдуздиву" ҳангома дар интернет: чаро Хушов кӯдакро пайгирӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМилиционеры на дороге, архивное фото
Милиционеры на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду рӯз қабл ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфт, ки дар он гӯё автомашинаи сабукрав як ноболиғеро дар роҳ пайгирӣ намуда, сӯиқасд ба дуздидани ӯ намуд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Навори мазкур боис ба баланд шудани ҳаргуна сару садоҳо миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сӯиқасд ба кӯдакдуздӣ дар роҳи мошингарди Душанбе гардид.

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

Аз хулосабарории корбарон чунин бармеояд, ки автомашинаи сабукрав кӯдакро таъқиб намуда, мусофирони дохили он аз пайи дуздидани ӯ буданд.

Зимнан, навори мазкур ба дасти кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе расид ва корбарон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуданд, ки ба қазияи мазкур рушанӣ андозанд.

Ҳамин тариқ, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, автомашинаи дар навор инъикосгардидаро  муайян намуданд, ки ронандаи он Хушов Сайдалӣ Муҳидович соли таваллудаш 1957, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Қазоқон мебошад.

Навраси 13 солаи Хоруғ дар руди Ғунд афтиду нопадид шуд

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки Хушов Сайдалӣ бо ҳамроҳии ҳамсар ва як нафар устои таъмири телевизион ҳангоми ба хонаи духтараш, ки дар кӯчаи Занаббибӣ қарор дорад, сафар намудан, бо мақсади харидорӣ намудани ноқили (кабел) телевизионӣ ба мағоза медароянд.
Дар ҳамин ҳол писарбачаи 11 - сола Азизов Мансур, ки ӯ низ барои харидани шакар ба мағоза ворид гардида буд, баъди харидорӣ намудан ба манзили истиқоматиашон бармегардад. 

Иномзода Фирдавс, отец, который избивал своих детей на допросе - Sputnik Тоҷикистон
Падаре ки фарзандонашро кӯфт: барои ҷудошавӣ аз зани муҳоҷирашу пул ин корро кардааст

Хонаи духтараш дар ҳамсоягии ҷавонписари хурдсол дар кӯчаи Зайнаббибӣ қарор доштааст.

Ҳангоми бозгашт ҷавонписари хурдсол фикр мекунад, ки автомашинаи мазкур ӯро ба хотири рабудан дунболагирӣ мекунад.

Бо чунин гумон, писарбача гирёну давон роҳи манзили зисташро пеша мекунад. Ҳолати мазкурро ронандаи автомашина Хушов Сайдалӣ дида, фикр мекунад, ки ӯро ягон нафар мавриди ҳамла ва латукуб қарор додааст. Бо ин мақсад ронанда Хушов автомашинаашро манъ карда, ба писарбача ёри доданӣ мешавад, ки ҷавонписари хурдсол ба ӯ гуш накарда, гирён ба хонааш медавад.

Манбаъ меафзояд, барои боз ҳам рушантар намудани асли воқеа ба идораи пулис Азизов Мансур, падараш Азизов Азим, ронандаи автомашина Хушов Сайдалӣ ва дигар нафарон даъват карда шуданд.

Пас аз равшан шудани ҳолати воқеии ҳодиса ва аз байн рафтани ҳамдигарнофаҳмии бавуҷудомада, ҷонибҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.

Лентаи хабарҳо
0