12:58 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2737 0 0

Як гурӯҳ сокинони Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба раиси шаҳри Душанбе аз ширкате шикоят бурдаанд, ки маблағҳояшонро гирифтаву 8 сол боз хона намедиҳад. Рустами Эмомалӣ ин қазияро баррасӣ намуда, ваъда додааст, ки сокинон пас аз як сол соҳиби хона мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ шикояти сокинони Душанберо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ намуд, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Як гурӯҳ сокинон ба раиси шаҳр шикоят бурдаанд, ки барои бунёди бинои бисёрошёна дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 83-и пойтахт маблағгузорӣ карда буданд.

"Тавре муайян гардид, сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз гардида, сохтмончии асосии он - ҶДММ "Союз-сохтмон" бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро азхуд карда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида ва ҳоло дар маҳбас қарор дорад", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Масъалаи ҷуброни зарари 67 нафар саҳмгузорон, ки маблағи наздик ба 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судию иҷроиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошта бошад, ҳам то ҳол  ҳалли пурраи худро наёфтааст ва сокинони мазкур бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардидаанд.

Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳрдориро муваззаф  намудааст, ки бо саҳмгузорон вохӯриву суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо  ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои мазкурро  дар муҳлати 1(як) сол ба итмом расонанд.

Рӯбарӯ бо Рустами Эмомалӣ: хонагирии 850 мизоҷи саргардон ва тақдири "Манзили дастрас"

"Саҳмдорон бо манзилҳои ободи дорои шароити лозимаи ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шаванд", - омадааст дар дастури Рустами Эмомалӣ. 

Мавзӯъҳои асосӣ