21:06 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)
193510

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, давоми шабонарӯзи ахир аз маризии сироятии коронавирус ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар, аниқтараш аз санаи 30 - юми апрел то имрӯз 3624 нафар аз вируси COVID - 19  шифо ёфтанд.

Ба таъкиди манбаъ, ин арқом беш аз 70 дарсади маризонро дарбар мегирад.

Бар тибқи маълумоте, ки котиботи вазорати мазкур дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, дар муддати аз 30 апрел то соати 19:00 дақиқаи 16 июн  дар кишвар 5160  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст.

Охирин омори шифоёфтагону маргумир аз коронавирус дар Эрон

Манбаъ меафзояд, шабонарӯзи ахир аз ин маризӣ дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.

То ҳол ба таври расмӣ фавти 50 маризи вируси COVID - 19 эълон гардидааст.

Гузашта аз ин, Вазорати тандурустӣ мегӯяд то 16 июн дар мамлакат 387 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Аз 5 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба таъкиди намояндагони Вазорати тандурустӣ, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ