02:24 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Марди 32 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардидаст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо аризаи шикоятӣ марди 32-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи хоҷагии сокини Ҳамадонӣ, 6 - сар чорвои калони шохдорро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дуздии чорво ба маблағи наздики 12 ҳазор сомонӣ

Ба исрори сокини Ҳамадонӣ, зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
чорво, дуздӣ, Ҳамадонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ