01:35 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои барқарорсозии пули марказии шаҳраки Ёвон, ки қисмати шарқиро бо қисмати ғарбӣ пайваст менамояд, бо маром идома дорад

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik.  Бино бар иттилои мақомоти  ноҳияи Ёвон, то ҳоло  80 фоизи корҳои сохтмонии пули мазкур ба анҷом расида, корҳои боқимонда бо риояи меъёрҳои зарурии техникӣ идома дорад, иитилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Корҳои барқарорсозии пули марказиро ширкати “Наврӯз” бар уҳда гирифта, дар назар аст, ки  тибқи талаботи мақомоти ноҳияи Ёвон иншооти мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  сохта ба истифода дода шавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки сохтмончиёни ноҳия бо бунёд намудани ин иншоот дар соҳаи пулсозӣ  таҷрибаи кофӣ андӯхта, дар оянда метавонанд ин таҷрибаи худро дар сатҳи баланд амалӣ намоянд.

Тибқи иттилои мақомоти ноҳияи Ёвон дар ин ноҳия аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз зиёда аз 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳоло корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия бо маром идома доранд.

Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, Ёвон, сохтмон, пул, истиқлолият, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ