03:01 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1159 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури аввалини Қазоқистон дар робита ба гирифторияш ба коронавирус барқия фиристодааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуда, шифои оҷилу комил таманно кардааст.

"Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам. Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям. Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам. Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред", - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Абишевич.

Хабари гирифтории Нурсултон Назарбоев ба коронавирус 18 - уми июн расонаӣ шуд. Дафтари матбуоти Назарбоев навишта буд, ки вазъи собиқ раисиҷумҳур хуб буда, ҷои нигароние нест. 

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Таъкид мешавад, ки нахустин раисҷумҳур дар қарантини хонагӣ қарор дошта, вазифаашро дар худинзивоӣ низ адо мекунад. Ахиран Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон низ ба Назарбоев бо ирсоли як паём шифои комил хоста буд. 

Барчаспҳо:
беморӣ, барқия, Тоҷикистон-Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ