03:19 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
240810

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи нашри хабарҳо дар бораи оғози парвозҳои чартерӣ шарҳ додааст, ки чиптаҳо бо кадом тартибу нарх бояд харидорӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия таъкид кардааст, ки баруйхатгирии шаҳрвандон барои баргаштан ба Ватан тавассути комиссияи назди Сафорат анҷом дода мешавад.

Сафорат таъкид кардааст, ки маълумот дар бораи рӯзи парвозҳо ва аз куҷо харидани билети ҳавопаймо, пас аз тартиб додани руйхати мусофирон эълон мегардад.

"Тартиб додани руйхат тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj сурат мегирад. Нархи билетҳо аз тарафи ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” муайян гардида, фурӯши билетҳоро низ, он ширкатҳо таъмин менамоянд, ки ҳамчунин шаҳрвандон огоҳ карда мешаванд", - омадааст дар эълони сафорт.

Намояндагии Тоҷикистон дар Русия аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки фирефтаи қаллобон ва дигар шахсони ғаразнок нашуда, аз ягон нафаре билети ҳавопаймо нахаранд.

"Ба шахсоне, ки тибқи руйхат, бояд билети ҳавопаймо харидорӣ намоянд, аз тарафи комиссия бо онҳо шахсан тамос гирифта, маълумот дода мешавад", - таъкид кардаст намояндагӣ.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бори дигар огоҳ намудаст, ки дигар намуди фурӯши билети ҳавопаймоҳо пешбинӣ нагардидааст.

Ин дар ҳолест, ки аллакай сарусадо дар бораи фурӯши чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ бо нархҳои аз 40 то 50 ҳазор рубл миёни муҳоҷирон паҳн шудаанд.

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

Таъкид шудааст, ки масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам ва таъмини рафту омади шаҳрвандон, ки аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ вобастагӣ дорад, мавриди баррасии ҳамаи кишварҳо қарор дорад ва ба маҳзи фароҳам шудани чунин имкониятҳо, маълумот дода мешавад.

Барчаспҳо:
дӯкони чиптафурӯшӣ, ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ