03:31 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (93)
2645 0 0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ Заъфар Исмоилро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал овард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Мутобиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод "Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Азимӣ Заъфар Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш", мутобиқи моддаи 15-уми Қонуни мазкур пешниҳод "Дар бораи аз вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб озод намудани Аҳмадзода Файзалӣ, Салимзода Собир ва Давроншоҳиён Рамеш" ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ҳамчунин, дар асоси моддаҳои 13-ум ва 14-уми Қонуни мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Файзалӣ", "Дар бораи ба вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб таъин намудани Раҳмонзода Зафар, Файзуллозода Холназар ва Ҳасанзода Аслиддин" барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии манзур карда шуд.

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (93)
Барчаспҳо:
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти кадрӣ

Мавзӯъҳои асосӣ