22:02 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
463 0 0

Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус аз ҳолати корҳои азнавсозӣ дар бозори марказӣ, ки рӯзи 24 майи соли ҷорӣ он ҷо сӯхтор ба амал омада буд, дидан кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, сӯхтор, ки тибқи хулосаи оташнишонҳо, бо сабаби расиши ноқили барқ, сар задааст, ба соҳибмулкон ҷамъан 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ хисороти молиявӣ расонидааст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо соҳибкорон қайд намуд, ки Ҷамъияти “Тоҷикматлубот” барои дар зудтарин фурсат азнавсозӣ кардани бозор тадбир меандешад.

Вай барои риоя кардани қоидаҳои зиддисӯхтор, суғурта кардани молу дӯконро тавсия дод.

Ҳамзумон аз ҷониби масъулони ноҳия қайд гардид, ки то замони сар задани сӯхтор аз 651 соҳибкоре, ки дар бозор фаъолият мекарданд, ҳамагӣ 10-12 нафарашон дӯкони худро суғурта кардаанд.

Роҳбари ҷамъияти матбуоти ноҳияи Шаҳритус Насим Каримов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки то имрӯз аз ҷониби “Тоҷикматлубот” ба маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ оварда шуда, дар кори бозсозии бозор истифода гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангоравии иншоот ба масъулон дастур дода шуд, ки дар азнавсозии бозор тамоми қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба инобат гирифта шуда, бунёди як ҳавзи ғунҷоишаш на кам аз 500 метри мукааб об пешбинӣ карда шавад.

Ҳамзамон бо дарназардошти ҳавои гарми рӯзона ҷиҳати вусъат додани корҳои бозсозӣ ташкил намудани басти шабонаи кор маслиҳат дода шуд.

Манбаъ қайд кардааст, ки пас аз бозсозии бозор, ки дар майдони 0,83 гектар доман густурдааст, барои беш аз 500 соҳибкор шароити фаъолият фароҳам мешавад.

Барчаспҳо:
ба нафъи давлат, азнавсозӣ, сӯхтор, бозор, Шаҳритус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ