Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 22 июня
День 22 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту дуюми июн дар таърихи Русия яке аз рӯзҳои ғамгинтарин - Рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.дар Конго аз рӯзи артиш ва дар Гаити аз Рӯзи Президент ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Салвадор Рӯзи омӯзгорон қайд карда мешавад

22 июн дар таърихи Русия яке аз рӯзҳои ғамгинтарин - Рӯзи ёдбуд - Рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

 Ин рӯз хотираҳои сарбозони ҷасури дар ҷанг фавтидаро зинда мекунад. Мо ёди ҳамаи онҳоеро, ки ҷони худро баҳри наҷоти мо дареғ надоштанду аз даст доданд, пос медорем.

© Министерство обороны РФМогила неизвестного солдата у стен кремля
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Могила неизвестного солдата у стен кремля

Субҳи 22 июн бе эъломи ҷанг Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ки 1418 шабу рӯз идома карда, ҷони 27 миллион ватандӯстони ИҶШС - ро гирифт.

Рӯзи 22 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 дар пойтахти Ўзбекистон – шаҳри Тошканд вохўрии 13 - уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

© Sputnik / Алексей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкОдной из улиц города Ташкента.
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Одной из улиц города Ташкента.

Соли 1889  дар Германия аввалин маротиба дар Аврупо нафақаи пиронсолӣ ҷорӣ карда шуд.

Соли 2001 роҳбарияти ширкати "БМВ" тамғаи нави автомобили "БМВ Х-7"-ро муаррифӣ кард.

Соли 1976 Парлумони Канада ҳукми қатлро дар ин кишвар бекор намуд.

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкОсужденные. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Осужденные. Архивное фото

Соли 1857 дар Лондон аввалин рўзномаи мухолифин бо забони русӣ бо номи "Колокол" нашр шуд.

День 21 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1984   киштии калонтарин дар олам- "Абдул- Азиз", ки барои шоҳи Арабистони Саудӣ сохта шуда буд, дар об ба ҳаракат даромад. Он 147 метр дарозӣ ва зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

Соли 2011 масоили дуҷонибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2002 раисыумщури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо намудани маблағ барои тадқиқоти археологӣ фармоиш имзо карданд.

Соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот анҷом доданд. 

Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо  нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур- пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдураззоқ мулоқот карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 июн

  • Дар Гаити — Рўзи Президент.
  • Дар Конго — Рўзи артиш.
  • Дар Салвадор — Рӯзи омўзгор.
Лентаи хабарҳо
0