14:47 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
613 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон барои фурӯши ҶСК “Азот” қарор кардааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, музоядаи фурӯши корхона 30 июли соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Нархи аввалияи корхонаи “Азот” дар шаҳри Леваканд 190 миллион сомонӣ муайян гардид. Тасмими фурӯши корхона баъди он содир шуд, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон яктарафа созишнома бо ширкати “Хэнан Чжун-Я” дар бораи фаъолсозии корхонаи “Азот”-ро ба далели иҷро нашудани бандҳои созишнома аз ҷониби ширкати чинӣ қатъ кард.

Шартҳои Ҳукумат пеши харидори нав

Ҳукумат пеши харидори нав шартҳо гузошта, онҳоро пешакӣ эълон намуд. Бар асоси эълони мақомоти тоҷик, ғолиби тендер дар сурате ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳоро ҷамъиятро соҳиб хоҳад шуд, ки агар асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди корхона дар муҳлати 3 моҳро таҳияю тасдиқ намояд.

“Сармоягузорӣ барои рушд, воридот ва насби технологияҳои муосири соҳаи саноат ва бунёди хати газгузари “Ёвон-Левакант” ба маблағи на камтар аз 400,0 миллион сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯш,  расонидани ҳаҷми умумии даромади ҷамъият ба маблағи на камтар аз 400,0 миллион сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият,  барқарор намудани ҷойҳои кории доимӣ ба миқдори на кам аз 1100 нафар дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият ва пардохти қарзҳои кредитории ҷамъият ба маблағи 25,0 миллион сомонӣ дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият”, - аз шартҳои дигари зикршуда дар иттилоияи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мебошанд.

“Азот” чӣ қадар дороӣ ва чӣ қадар қарз дорад?

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дороиҳои ҷамъият ба ҳолати 1 январи соли 2020 маблағи 188 миллиону 603 ҳазоур 199 сомониро ташкил медиҳанд.

“Қарзи умумии кредитории ҷамъият аз рӯи тавозун ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба 24 769 772 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин ҳисоб қарзи музди меҳнат 4 981 596,65 сомонӣ, андозҳои давлатӣ 9 878 606,14 сомонӣ, қарзҳо дар назди молрасонҳо ва пудратчиён 2 905 193,69 сомонӣ ва қарзҳо дар назди дигар субъектҳои хоҷагидор 7 004 375,52 сомониро ташкил медиҳанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки масоҳати умумии қитъаи замини ҷамъият 113 га, масоҳати зери сохтмон 74 319 м2. мебошад.

Дар эълони Кумитаи сармоягузорӣ омадааст, ғолиби тендер иштирокчие дониста мешавад, ки нархи аз ҳама зиёдро пешниҳод менамояд ва ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5 фоиз аз нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият ва дигар боҷҳои ҳатмии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро пардохт менамояд, ки ба нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият дохил намешаванд.

Кумита таъкид намудааст, ки иштирокчиёни тендери байналмилалӣ барои иштирок дар хусусигардонии корхонаи “Азот” маблағи баробар ба 200,0 ҳазор доллари ИМА, бо асъори миллиро бояд пардохт кунанд. Қабули санадҳо то соати 17.00 рӯзи 29 июли соли 2020 давом хоҳад кард.

Гилаи раёсати Хатлон ва ҳушдори Расулзода

Раёсати вилояти Хатлон гила карда буд, ки ширкати чинӣ бояд то баҳори соли 2018 корхонаро фаъол месохт, аммо иҷро накарду ин боиси камбуди нуриҳои минералӣ дар минтақа шуда буд. Масъулини вилоят изҳор дошта буданд, ки соҳибкорони маҳаллӣ нуриҳои минералиро ворид накарданд, чун интизор доштанд, ки корхонаи Азот фаъол мешаваду моли онҳо ба савдо нахоҳад рафт.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар пайи шикояти раёсати Хатлон, ҳушдор дода буд, ки агар ширкати "Хэнан Чжун-Я"-и Чин бори дигар дар фаъолсозии корхонаи "Тоҷик Азот" таъхиркорӣ кунад, созишнома бо он қатъ карда мешавад ва чунин ҳам шуд. Ҳукумат созишнома бо ширкати чиниро соли гузашта қатъ намуд.

Иҷро нашудани супоришҳои Раҳмон ва қатъи созишнома бо Чин

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014, корхонаи "Тоҷик Азот"-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, сармоягузори украинӣ 20 дарсадаш ба Ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошта буд, ба фоидаи давлат мусодира намуда буд. “Тоҷик Азот” он замон ба гуфтаи масъулин ба далели қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонда буд.

Созишнома барои таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Азот”, 3 сентябри соли 2016 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ"-и Чин баста шуд. Дар назар буд, ки ширкати чинӣ барои ин лоиҳа 360 миллион доллар ҷудо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ширкати чинӣ дастур дода буд, ки корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд, ки то иҷро нашуд ва боиси қатъи созишнома шуд.

Барчаспҳо:
қатъ, фурӯш, созишнома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ