Баррасии пешвозу гусели Раҳмон дар ВМКБ: Ёдгор Файзов фаҳмонд, ки чӣ бояд кард

Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар рафти ҷаласаи ситоди вилоятӣ 14 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони идораю муассисаҳои вилоятӣ таъсис дода шуд, хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ.

Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ меравад

Ёдгор Файзов зикр кардааст,ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 60 маротиба ба ВМКБ ташриф овардааст ва сафари навбатияшро чорабинии муҳим дар миқёси ВМКБ арзёбӣ кардааст. 

"Бо такя ба таҷрибаи кории кормандони тамоми сохторхои давлатӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ мо бояд ин ташрифи роҳбарияти олии мамлакатро чун ҳарвақта бо расму оинҳои неки сокинони "Боми ҷаҳон" ва самимияти хоса ва меҳмонавозии хоси тоҷикони кӯҳистони Бадахшон истиқбол намоем", - изҳор дошт Файзов.

Ӯ бо мақомдорони вилоят фаъолияти 14 гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагиҳо барои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баррасӣ намудаст. 

Эмомали Рахмон заложил первый камень в основание ГЭС Себзор - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт кай НБО "Себзор" дар Бадахшон фаъол мешавад

Қайд гардид, ки дар ин давра бояд гурӯҳҳои корӣ вобаста ба таблиғотиву ташвиқоти сиёсати созандаи Эмомалӣ Рахмон, оид ба сохтмони  иншооти ҷашнӣ ва ифтитоҳи биноҳои ҷашнӣ, корҳои ободониву кабудизоркунии маҳаллаҳои шахри Хоруғ, ташкили аёният, шиору овезаҳо ва дигар масъалаҳои мубрам фаъолияти худро равона намоянд.

Калонтарин маркази савдоро дар Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон ба истифода медиҳад

Котиботи ҳукумати ВМКБ афзуд, ки зимни сафари раисиҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншооти зиёд, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии сокинони вилоят равона гардиданд, мавриди баҳрабардори қарор дода хоҳанд шуд.

Раиси вилоят ба ҳар як роҳбари гуруҳи корӣ ва масъулини сохторҳои марбута супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз ва гусел намудани раисиҷумҳури Тоҷикитсон масъулияти баландро аз худ нишон диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0