20:57 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
535 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаррати ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7+12 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз -1+4 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар мебошад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва  рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ