21:07 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
415 0 0

Дар Маскав дар гузашти низоми бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарбозони Тоҷикистон иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки имрӯз дар Майдони Сурхи пойтахти Русия баргузор шуд, иштирок доштанд.

Дар Майдони Сурх хатмкунандагони Донишкадаи низомии Вазорати дифоъӣ Тоҷикистон ҳамроҳ бо сарбозони 13 кишвари дунё дар гузашти низомӣ иштирок карданд.

Сарбозони тоҷикистониро дар ин гузашти низомӣ подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбарӣ мекард.

Аз гузашти сарбозони тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар Майдони сурх ҳузур дошт, назорат мекард.

Ғайр аз сарбозони Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  сарбозони Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Ӯзбекистон, Чин, Молдова ва Ҳиндустон.  

Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Барчаспҳо:
тоҷик, солгард, ғалаба, иштирок, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, гузашти низомӣ, паради ҳарбӣ

Мавзӯъҳои асосӣ