10:15 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1032 0 0

Гулнисои Ризвоншо шоираи машҳури бачагонаи Бадахшон, ки бештар ба забони шуғнонӣ эҷод мекард аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар бораи даргузашти шоира ҳамкасбон ва наздикони ӯ дар Facebook хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки Гулнисои Ризвоншо дирӯз, 23 июн аз олам чашм пӯшид.

Ато Мирхоҷа муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook аз Гулнисо чун адиби хушному нависандаи боистеъдод ёд кардааст.

"Аз даргузашти дардноки шоира ва нависандаи соҳибном, муаллифи таронаи машҳури «Хьаб баробар осмӯнанден хъитэрзьен қашқатор» (Ними шаб дар осмонҳо ахтарон саф мекашанд), ҳамқалам ва хоҳари азизам Гулнисои Ризвоншо сахт андӯҳгин шудам", - навиштааст Ато Мирхоҷа.

Ба гуфти ӯ Гулнисо дардҳои зиёде дар ҳаёти кӯтоҳаш таҳаммул кард. Дастикам панҷ маротиба ҷарроҳӣ дид ва ҷарроҳии охиринаш, моҳи декабри соли гузашта, дар ниҳоят ин зани матиниродаро шикаст ва, дина, 23-уми июн, ба коми аҷал тела дод.

Дар муддати панҷ соли охир Гулнисо дар ҳудуди 20 ҳикояву қисса ва шеъру достон барои кӯдакон навиштааст, ки бештарашон чоп шуда, чандтои дигар дар арафаи нашранд. Гулнисо ба забони шуғнонӣ низ аз худ барои кӯдакони ҳамтабораш китобҳои хонданӣ боқӣ гузоштааст, ки бешубҳа, ганҷинаи хазинаи тиллоии адабиёти помиризабонанд.

Даргузашти мулло Абдураҳими Понғозӣ аз коронавирус: масҷид бунёд карду роҳ сохт - навор

"Вақте се-чор сол пеш Гулнисоро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул мекардем, устод Гулрухсор чорҷилдаи «Фолклори Помир»-ро ба даст гирифт ва гуфт: – Ман дар бораи шеъру ҳикояҳои Гулнисо гап намезанам. Танҳо ҳамин кореро, ки дар гирдоварӣ ва ба чоп омода кардани дурдонаҳои адабиёти шифоҳии мардуми Бадахшон кардааст, бас буд, ки ӯро чанд сол пеш ба узвият пазируфта, ҷоиза ҳам медодем", - ба ёд меорад Ато Мирхоҷа.

 

Барчаспҳо:
даргузашт, Шоира, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ