Ифтитоҳи эстакадаи дувум дар шаҳри Душанбе ба таъхир гузошта шуд

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе сабаби ба таъхир афтодани ифтитоҳи дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе, ки дар қисмати ғарбии пойтахт сохта шудаастро, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Душанбн ифтитоҳи дуввумин эстакада ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки дар қисмати ғарбии пойтахт қарор дорад ба таъхир гузошта шуд, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон роҳбари дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе Адумаҷид Усмонзода.

Вай таъкид дошт, ки сохтмони эстакада комилан ба анҷом расидааст, аммо санаи ифтитоҳи он то ҳол маълум нест.

“Иншоот 100 дарсад ба анҷом расидааст”, - гуфт  роҳбари дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе Адумаҷид Усмонзода.

Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

Аммо манбаъ шарҳ надод, ки ба чӣ сабаб ифтитоҳи эстакада ба таъхир гузошта шудааст. Вай таъкид кард, ки санаи ифтитоҳ ва ба истифода додани ин иншоот, маълум нест.

Ёдрас мешавем, қарор буд ифтитоҳи эстакадаи нав ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки дар қисмати ғарбии пойтахт қарор дорад, санаи 25 июн сурат мегирифт. Қарор буд, пас аз ифтитоҳи ин иншоот аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳаракат мошинҳо тариқи ин роҳи нав сурат оғоз мешуд.  

Қаблан Вазорати нақлиёт  ва шаҳрдории пойтахт дар нишастҳои соли гузаштаашн зикр карда буданд, ки сохтмони ин иншоотҳо бояд то охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Ёдовар мешавем нахустин эстакада дар Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт сохтмонаш соли 2016 оғоз гардидаву сентябри 2018 ба истифода дода шуд.

Сохтмони эстакадаи яккум дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, бунёди он ба зимаи Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин ва назорати сифати сохтмон бар души Ширкати машваратии "SAI"-и Ҳиндустон гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0